- мадд
- I[مد]1. кашиш2. кашиши овоз дар вақти хондан ё гуфтор3. ниг. мадда II; мад кашидан а) дарозтар аз маъмулӣ талаффуз кардан, калимаеро кашол дода гуфтан; б) маҷ. оҳи чуқур кашидан, бо ҳасрат нафаси чуқур кашидан; аз мадди назар дур будан а) дар пеши чашм набудан, аз дида пинҳон будан; б) дар фикру хотир набудан; дар мадди назар будан а) пеши чашм будан; мавриди фикру хаёл қарор гирифтан; б) диққатро ба худ ҷалб кардан, дар маркази диққат воқеъ гаштанII[مد]а. лаппиш хӯрда баланд шудани сатҳи оби баҳр бо таъсири қувваи ҷозибаи Моҳу Офтоб; муқоб. ҷазр: мадду ҷазр
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.